Маросими расмии супоридани таҷҳизот барои муайян кардани COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ
23 сентябри соли 2020 маросими расмии супоридани таҷҳизот барои муайянсозии COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Таҷҳизот аз ҷониби Ожонси Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) дар доираи лоиҳаи INT0098 барои таҳкими иқтидори миллӣ ва лабораторияҳои таъйиншудаи махсус дар мубориза бо пандемияи COVID-19 пешниҳод карда шуд.
Таҷҳизоти пешниҳодшуда аз се маҷмӯи воситаҳои ташхисӣ ва таҷҳизоти технологияи ҳастаӣ барои ошкорсозии фаврии вирусҳо дар Тоҷикистон иборат аст, ки маблағи он 420 000,00 евро мебошад.
Маҷмӯаи мазкур иборат аст аз:
Воситаҳои муҳофизати шахсӣ (ВМШ) барои операторон ҳангоми гирифтани намуна, коркарди намуна ва озмоиш;
Таҷҳизот барои таъсис/муосиргардонии ташхиси молекулавӣ (термоцикл, шкафаҳои бехатарии биологӣ, кабинетҳои ПЦР, центрифугаҳо, воронкаҳо ва ғ.);
Маҷмӯаи махсуси ташхисӣ барои ошкор кардани коронавируси нав (2019-nCoV/COVID-19), ки аз рӯи се усул таҳия шудааст: яке аз ҷониби Virology Charité Берлин (дастаи доктор Дростен), дигаре аз ҷониби Донишгоҳи Гонконг (ҳар ду тавсияшудаи ТУТ) ва усули сеюм – маҷмӯаи нави RT-PCR, ки аз ҷониби ширкати BGI таҳия ва сертификат шудааст.
Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААҲР АМИТ), таҷҳизотро аз номи МАГАТЭ супорид. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Самариддин Ализода ва муовини директори Институти тибби пешгирикунанда Хуршед Саидов таҷҳизотро қабул намуда, изҳор доштанд, ки таҷҳизот самаранок истифода хоҳад шуд ва дар нуқтаҳои афзалиятнок барои коҳиш додани паҳншавии пандемияи COVID-19 насб мегардад.
Илҳом Мирсаидзода инчунин хабар дод, ки МАГАТЭ боз як маҷмӯаи таҷҳизотро барои Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон харидорӣ намудааст, ки интиқоли он дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст.